ВОХӮРИИ МАСЪУЛИН БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ПИСТАМАЗОР БО УСУЛИ «ДЕҲА БА ДЕҲА»
Санаи 17-уми декабри соли равон масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо сокинон деҳаи Пистамазори Ҷамоати деҳоти Баҳор бо усули «Деҳа ба деҳа» оид иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулот, инчунин, риояи анъана ва ҷашну маросим, тарғиби либоси миллӣ, риояи фарҳанги истифодабарии неруи барқ, оид ба ҳуқуқи инсон ва таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода, сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и шаҳр Гулбаҳор Давлатова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Шаҳноза Шарофиддинова ва дигар намояндагон иштирок ва суханронӣ карданд.
Муовини раиси шаҳр вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанг, бахусус фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим суханронӣ карданд. Гуфта шуд, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтода, ҳамчун ҷавонони ватандӯсти асил ба воя расанд, барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ифтихор аз Тоҷикистон дошта бошанд. Ҷавонони мо бояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузошта, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро бигиранд.
Бо сокинон масъалаи маҳдудияти барқ шарҳу тавзеҳ дода шуда, сабабҳои воқеии норасоии барқ гуфта шуд, ки (гармшавии иқлим – моҳи якуми зимистон ба охир мерасад, лекин ҳаво ҳанӯз гарм аст, паст шудани сатҳи обанборҳо, хусусан обанбори НБО “Норак” аст). Аз ин рӯ, сокинонро мебоист барқро самаранок истфода бурдан аз қувваи барқ ва сабру таҳаммул дар баробари ин мушкилоти муваққатӣ, зеро то соли 2027 пурра маҳдудияти барқ дар кишвар бартараф хоҳад гардид.
Гулбаҳор Давлатова таъкид кард, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои фаъолияти пурсамари занону духтарон, алалхусус бонувони хонашин тамоми шароит ва имконияти аз худ намудани касбу ҳунар фароҳам оварда шудааст.
«Занону духтарони мо, ки болоравии сатҳи зиндагӣ ва маънавиёти оила аз онҳо вобастагии зиёд дорад, бояд аз ин имкониятҳо истифода бурда, ҳунар омӯзанд ва ба фарзандон низ дар омӯзиши касбу ҳунар кумак расонанд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо занони ҳунарманди шаҳр дар хона истода, ба ҳунарҳои мардумӣ машғул гашта, аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меоранд»,- афзуд Г. Давлатова.Инчунин, дагар намояндагон баромад карда иброз доштанд, ки дар ин давраи бисёр ҳам печида ва ҳассоси тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:




