
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои КВД «Шаҳри ҳушманд»-ро ифтитоҳ намуданд
20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҷалол Икромии пойтахт бинои нави маъмурии КВД «Шаҳри ҳушманд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.