«ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ»

01 фев 2026, 12:06
Слайдер / Соҳаҳо / Маориф / Навид / Навигариҳо
1
  Зери чунин унвон имрӯз дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Ваҳдат вохӯрии намояндаи прокуратураи шаҳр бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони кӯдакистонҳои шаҳр баргузор гардид. Вохӯрӣ ба мавзӯи муҳим ва мубрами рӯз — хатари терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирӣ ва оқибатҳои ногувори он бахшида шуд.
Дар вохӯрӣ ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат Тағойзода Достон, муовини раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин, сардори раёсати маорифи шаҳр Назрулозода Зиёратшоҳ, кормандони Раёсат, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори раёсати маориф Назрулозода Зиёратшоҳ ифтитоҳ намуда, ҳадаф ва моҳияти баргузории чунин вохӯриҳоро шарҳ доданд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, бахусус роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Сипас, ёрдамчии прокурори шаҳр Тағойзода Достон баромад намуда, вобаста ба хатари терроризм, экстремизм ва дигар шаклҳои фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ, инчунин роҳҳои ҷалби ҷавонон ба чунин ҳаракатҳо сухан гуфтанд. Ӯ таъкид кард, ки имрӯз тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани сатҳи маърифатӣ ва зиракии сиёсӣ миёни онҳо аз масъалаҳои калидии ҷомеа ба шумор меравад.
Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии гаравидани хонандагону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Баъдан муовини раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин низ дар мавриди таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти падару модарон ва устодон дар тарбияи дурусти насли нав изҳори андеша намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён саволу ҷавоби озод баргузор гардида, пешниҳодҳо ва андешаҳои судманд оид ба роҳҳои самараноки пешгирии таҳдидҳои экстремистӣ ироа гардиданд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: