МАШВАРАТИ КОРИИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Санаи 26-уми январи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Ваҳдат маҷлиси назоратӣ баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар маҷлис муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо иштирок намуданд.
Сараввал, раиси шаҳр вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23-уми январи соли ҷорӣ зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ёдовар гардиданд.
Дар идомаи ҷаласаи корӣ аз пешрафт ва фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат баҳо дода, ҳамзамон, таъкид намуданд, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият дар амалӣ ва татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф мебошанд. Ҳамчунин, оид ба тақвияти корҳои сохтмониву ободонӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории аксияҳои тозагӣ дар шоҳроҳ ва ҳудуди шаҳр, истифодаи оқилонаи қувваи барқ ва гармӣ, ҷамъоварии ҳаққи маблағи он, омодагиҳо ба даъвати баҳорӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷом раиси шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти самаранок ва баҳри иҷрои нақшаҳои пешгузошта, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, корҳои тарғиботиву иттилоърасонӣ ба мардум, даъвати аҳолӣ ба саҳмгузорӣ дар ободониву бунёдкорӣ ва дигар тадбирҳо ба масъулин вазифагузорӣ намуданд, то ин ки ба нишондиҳандаҳои мусбат ноил гардем.
Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони шарафманди шаҳри Ваҳдат дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зиндагии шоистаро ба мардуми кишвар ҳадаф қарор додааст ва иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дучанд ҷаҳду талош хоҳанд намуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



