МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲАДТ БО ФАЪОЛОНИ ШАҲР ВА СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ЧӮЯНГАРОН

03 фев 2026, 13:37
Слайдер / Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
1
 Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон бо фаъолони шаҳр ва сокионони Ҷамоати мазкур раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода мулоқот намуд. Дар он роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, муовинони раиси шаҳр ва дигар масъулон иштирок доштанд.
Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода оид ба нуктаҳои меҳварии Паём ибрози андеша кард.
Ҳамзамон дар мулоқот сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Ваҳдат, подполковники милитсия Рамазонзода Мансур оид ба вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим баромад кард.
Зимни вохӯрӣ муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуданд.
Ҳамзамон, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин, нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт сухан гуфта шуд.
Дар идома аз пешрафт ва фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷамоат баҳо дода, ҳамзамон, таъкид намуданд, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият дар амалӣ ва татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф мебошанд.
Дар фарҷом раиси шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти самаранок ва баҳри иҷрои нақшаҳои пешгузошта, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, корҳои тарғиботиву иттилоърасонӣ ба мардум, даъвати аҳолӣ ба саҳмгузорӣ дар ободониву бунёдкории Ҷамоат ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зиндагии шоистаро ба мардуми кишвар ҳадаф қарор додааст ва иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муттаҳид шуда, дучанд ҷаҳду талош хоҳанд намуд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: