«ПАЁМ, ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ» ШАҲРУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР МТМУ №3
Ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём (16.12. 2025) инчунин, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва дар ҳамкорӣ бо раёсати маорифи шаҳр санаи 22-юми январи соли 2026, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳр хониши сиёсӣ бо усули «Мактаб ба мактаб» таҳти унвони «Паём, ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» баргузор гардид.Вохӯрӣ бо мақсади тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими худшиносию ҳисси ватандӯстии ҷавонон, пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа баргузор шуд.
Дар хониши сиёсӣ муовини раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин, сардори раёсати маорифи шаҳр Назрулозода Зиёратшоҳ, сардори шуъбаи кор бо занон ва оила Давлатова Гулбаҳор, роҳбарону омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳо иштирок намуданд. Ҳамзамон, иштирокдорон доир ба самтҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша карда татбиқи амалии онро ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, иқтисоди кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон аҳамияти сиёсӣ ва иҷтимоии Паёми Пешвои миллатро мавриди баррасӣ қарор дода, зикр намуданд, ки Паём ҳуҷҷати роҳнамо ва барномаи амал барои ҳар шаҳрванди соҳибватан мебошад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



