
ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ МИРЗО ИСМОИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ 80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА
Ҳамдиёрони азиз! Собиқадорони арҷманд! Дар ибтидо ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азиз, алалхусус, собиқадорони меҳнатро ба муносибати санаи бузурги таърихсоз - Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз самими қалб табрику таҳният мегӯям, бароятон тансиҳатию хонаободӣ орзумандам.