ТАҶЛИЛ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Санаи 14-уми майи соли 2025 бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони “Оила-макони меҳру садоқат” чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини Вазири Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, собиқадорони ҲХДТ, кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, намояндагони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Файзобод ва оилаҳои беҳтарин ва намунавӣ аз баъзе шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Меҳмонон аз ҷониби бахши фарҳанги МИҲД шаҳри Ваҳдат бо мусиқии дилошӯб пазироӣ гардида, аз растаҳо – намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дӯзандагӣ, пазандагӣ, хӯрокҳои миллӣ, хушкмеваҳо, гиёҳҳои шифобахш ва гӯшаи “Кадбону” дидан намуданд.
Сипас, оину суннатҳои маросими тӯйи домоду арӯсӣ, аз ҷумла омода намудани арӯс барои гусел, саршӯён ва ғайра ба иштирокчиён намоиш дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ 10 навхонода аз ҷониби масъулини бахши САҲШ ба таври тантанавӣ шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои омоданамудаи КИМ ҲХДТ супорида шуд.
Инчунин, ба 20 кӯдаки то 6 сола аз оилаҳои камбизоат дучарха тақдим гардид. Ҳамзамон, ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Дар ин росто, 20 нафар низ ба ТҶҶ “Созандагони Ватан” қабул гардиданд.
Бояд гуфт, ки меҳмонон аз гӯшаи оилаҳои намунавӣ – “Оилаи сабз”, “Оилаи нуқра” ва “Оилаи тилло” бо фарзандону наберагон ва дастовардҳои онҳо дидан намуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо сарфароз гардониданд.
Сипас, қисми тантанавии чорабинӣ оғоз гардида, Маликшо Неъматзода баромад намуда, аз номи раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирокчиёни ҳамоишро бо «Рӯзи байналмилалии оила» муборакбод намуда, аз арзишҳои оила ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ҷавон сухан гуфт. Ҳамчунин, ӯ зикр кард: “Мардуми шарифи Тоҷикистон аз рӯзгори бостон то ба имрӯз бо завқи волои оиладорӣ, ҳамсоянавозӣ, ватанпарвариву миллатдустӣ номвар гаштаанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои амалкунанда барои болоравии фарҳанги оиладорӣ ва муносибати хонаводагӣ, таҳким ва нигоҳдошти анъанаҳои пуршарафи ниёгон, ҷонибдории аъзоёни хонавода аз манфиатҳои давлат ва ҷомеа миёни аъзо ва ҷонибдорон ва кулли ҷомеа табдирҳои таблиғотию ташвиқотиро пайваста амалӣ менамояд”. Гуфта шуд, ки “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд», бояд раҳнамое барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад, то нисбат ба оила, ки пояи устувори ҷомеаи имрӯзаи мост, эҳтиром ва арҷ гузорад”.
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иброз дошт, ки «оила ва суннатҳои оиладорӣ дар оинҳои мардумии тоҷик ба фарҳанг ва маърифати миллати куҳанбунёдамон асос ёфта, он ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст. Мақсад аз таҷлили ин рӯз устувор гардонидани оилаҳо, баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи он мебошад. Зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбанд».
Инчунин, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода низ оид ба муқаддасоти оила баромад намуд.
Таъкид гардид, ки барои ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос оила муқаддас аст. Устувору пойдории он аз муҳаббати самимӣ ва иродаи қавии зану шавҳар вобаста аст. Оиладорӣ фарҳанги бузургу ҳисси ватандорӣ мебошад. Агар оила солим бошаду назару андешаҳо, иқдому амалҳо дар зиндагӣ солим, дар маҷмуъ ҷомеа солим хоҳад буд.
Дар фарҷом, чанд нафар собиқадорон бо медали Ҷашни “30-солагии таъсисёбии ҲХДТ”, сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


