«ФЕСТИВАЛИ НАМОИШ ВА ФУРӮШИ ЧОРВОИ ЗОТӢ» ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

22 ноя 2025, 08:14
Слайдер / Соҳаҳо / Кишоварзӣ / Навид / Навигариҳо
3

  Чанде пеш дар Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмолзода ва дигар намояндагони соҳа  «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» ва муаррифии дастовардҳои соҳаи чорводорӣ баргузор гардид. Дар Фестивал намудҳои гуногуни чорвои хурду калон  аз филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ба намоиш гузошта шуданд.

Сулаймон Зиёзода зимни суҳбат бо хоҷагидорон ва масъулин чорводориро яке аз бахшҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки соҳаи чорводорӣ солҳои охир бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта, саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа афзун мегардад. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми ноябри соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2,8 миллион сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 1,5 миллион сар модагов, 31 400 сар қутос, 7,5 миллион сар гӯсфанду буз ва 94,4 ҳазор сар асп, 13,7 миллион сар паранда ва зиёда аз 265 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Дар ин давра 292,6 ҳазор тонна гӯшт ва 853 ҳазор  тонна шир, 42 ҳазор тонна гӯшти паранда, 8,5 ҳазор тонна пашм ва 4 ҳазор тонна асал истеҳсол карда шудааст. Тибқи таҳлилҳо, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 саршумори чорвои калон 120 ҳазор сар, аз ҷумла модагов 84 ҳазор сар, гӯсфанду буз 360 ҳазор сар, асп 3,6 ҳазор сар, истеҳсоли гӯшт 26 ҳазор  тонна ва шир 20 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Зикр шуд, ки чорводорӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки кишоварзӣ ба шумор рафта, дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи назаррас дорад. Аз ҷумла, пешрафти зотпарварӣ ва зиёд намудани чорвои калони зотӣ, хушзотгардонии чорвои мавҷуда ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорвои колону моли майда дар афзун гардонидани истеҳсоли гӯшту шир мавқеи муҳим дорад. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 80 хоҷагии зотпарварӣ фаъолият дорад, ки дар он зотҳои гуногуни чорвои шохдори калону майда ва аспу паранда, занбӯри асалу моҳӣ ва харгӯш парвариш мешаванд.

Дар фарҷом як зумра фаъолон ва кормандони соҳа бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
    
    
        
                
            
                
            
            
        
    

Ҳамчунин дигар наворҳо: