ҶАМБАСТИ МАШҚИ МУКАММАЛИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

20 ноя 2025, 15:49
Слайдер / Соҳаҳо / Кишоварзӣ / Ҳолатҳои фавқулодда / Навид / Навигариҳо
10

 

 Тавре қаблан хабар дода будем аз 18 то 20- уми ноябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат чорабинӣ «Оид ба ташкил ва гузаронидани санчиш ва машқи мукаммали ҳолати мудофиаи гражданӣ, системаи ягонаи давлатӣ пешгирӣ ва рафъи холатҳои фавқулодда дар шаҳр” доир гардид.

Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат машқи мукаммали зернизоми ҳудудии низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ҷамбаст гардид. Машқи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба гузаронидани санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Ваҳдат” бо мақсади таъмини омодагии доимӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва саривақт бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, мусоидат намудан барои устувории фаъолияти ташкилотҳо дар ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода, муовини аввал ва муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис, намояндагони комиссари ҳарбии шаҳр, роҳбарони ташктилоту муассисаҳо, инчунин, фаъолон, аз ҷумла роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сокинон иштирок доштанд.

Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории ин чорабинии муҳим омодабошии шаҳрвандон ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ, ҳимояи сарҳади давлатӣ, омодабошии ҷангӣ, тайёрии дастаҳои худмуҳофизати минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ, пешгирии хатарҳои диверсионию тахрибкорӣ аз ҷониби дастаҳои мусаллаҳ, ташкили хадамоти комендантӣ ва инчунин, омодагии захираҳои ҳайати афсарию шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки аз 18 то 20-уми ноябри соли 2025, санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар мавзўи: «Амали ҳайати роҳбарикунандаи зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Ваҳдат ҳангоми иҷрои чорабиниҳои бартарафкунии оқибатҳои табиӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар ҷамбаст ба фаъолон сипосномаҳо тақдим гардид.

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: