ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Санаи 24-уми ноябри соли 2025 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳпаймоии осоиштаи сокинон, ҷавонони касбу кори гуногун ва барномаи фарҳангӣ доир гардид.
Бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва ифтихори миллӣ, сокинони сарбаланди шаҳр имрӯз бо қадамҳои устувор ба роҳпаймоӣ баромадаанд, то эҳтиром ва садоқати худро ба яке аз муқаддасоти давлатӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намоянд.
Дар роҳмаймоӣ роҳбарияти шаҳр, масъулин ва кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раёсату идораҳои назди он ва корхонаҳои шаҳрӣ, соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзишгарон, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва дигар фаъолони шаҳр ширкат намуданд.
Ҳамзамон, дар майдони Парчами назди варзишгоҳ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чорабинии тантанавию фарҳангӣ доир гардид, ки дар қисмати расмии он, раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Мирзо Исмоилзода суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Зикр гардид, ки Парчам рамзи сарҷамъиву иттиҳод, нишони соҳибдавлативу соҳибистиқлолият, омили муттаҳидсозии мардум, заминаи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ маҳсуб ёфта, таҳти ин Ливои муқаддас халқи шарифи мо ба сӯи ояндаи ободу дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаанд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки миллати сарбаланд ва куҳанбунёди тоҷик беш аз ҷор ҳазор сол қабл соҳиби парчам буд ва онро ҳамчун рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору номус эҳтиром менамуд ва дар тӯли таърих зери ливои хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардааст ва хоҳад кард. Мусаллам аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, ин тадбири муҳим ҳамчун яке аз омилҳои тарбияи насли шоистаи замон ва сарҷамъии мардум амалӣ мегардад.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори бевоситаи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 24-уми ноябр сурат мегирад, барои мардуми кишвар беназир ва арзишманд дониста мешавад. Ҳамасола сокинони шаҳри Ваҳдат ин рӯзи босаодатро бо дастовардҳои тозаву муваффақиятҳои пайдарпай истиқбол мегиранд.
Маврид ба ёдоварист, ки Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин санаи таърихӣ ҳамасола аз ҷониби сокинони кишвар бо ифтихор ва самимияти хоса таҷлил карда мешавад.
Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи пурмӯҳтавои идона ва рангини ҳунарӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:






