ДАР МТМУ №9 БО ОМӮЗГОРОН ВА ВОЛИДАЙН ВОХӮРӢ ГУЗАРОНИДА ШУД
Санаи 20-уми ноябри соли 2025, бо усули “Мактаб ба мактаб” бо волидайн ва омӯзгорону ходимони дини русто дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78-и деҳаи Чанори Ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат вохӯрӣ доир шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси шаҳр Шодмон Абдураҳимзода, сардори раёсати маорифи шаҳр Зиёратшоҳ Назрулозода, сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳр Давлатова Гулбаҳор, намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр ва намояндагони дигар шуъбаю бахшҳои назди мақомоти маҳаллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни мулоқот муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуданд.
Инчунин, масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҷалби падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсил ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, дар мулоқот масоили пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан, хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва иззату эҳтироми омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд зикр кард, ки ҳадаф аз мулоқоти мазкур пеш аз ҳама ба таври содда ва возеҳ шарҳ додани пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошиву роҳзании ноболиғону ҷавонон мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот масъулон аз ҷониби омȳзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми неруи хешро барои ободии марзу буми аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона созанд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин чорабиниҳои мақсаднок пайваста дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратии шаҳр мунтазам суҳбату вохӯриҳои судмандро бо омӯзгорону хонандагон ва аҳоли доир менамоянд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:



