Дастаи  Ваҳдат ғолиби мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯйи миз гардид

02 май 2025, 10:12
Слайдер / Навид / Навигариҳо / Ҷавонон ва варзиш
3

  Дирӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби варзишӣ»-и шаҳри Ваҳдат, миёни  дастаҳои шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз баргузор карда шуд. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат ва Муассисаи давлатии «Мактаби варзишӣ» доир гардид.

Зимни натиҷагирӣ дастаи  Ваҳдат- 2 ҷойи якум, Ваҳдат-1 ҷойи дуюм ва дастаи Душанбе ҷойи сеюм шуданд.

Мавриди зикр аст, дар чорабинии варзишӣ раиси шаҳри Ваҳдат, ҳамзамон, раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон Исмоилзода Мирзо Иброҳим иштирок намуданд.

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯйи миз 3 даста аз шаҳри Душанбе ва 3 даста аз шаҳри Ваҳдат бо фарогирии 24 нафар ширкат варзиданд. Мусобиқа аз рӯи барномаҳои даставӣ  ва инфиродӣ сурат гирифт.

Ҳамзамон, ғолибони инфиродӣ муаян шуданд. Аз ҷумла, Қодиров Зайдулло - Ваҳдат ҷойи якум, Худойдодов Халил - Душанбе, ҷойи дуюм ва Раҳмонзода Амир - Ваҳдат ҷойи сеюм гардиданд.

Варзишгароне, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд бо медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: