БОЗДИД АЗ ШУЪБАИ ТАВАЛЛУДХОНАИ ШАҲР

02 май 2025, 09:38
Слайдер / Навид / Навигариҳо / Тандурустӣ
47

  Санаи 1-уми майи соли 2025 тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣаз шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказиишаҳр, муовинисоҳавии раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода боздид намуданд.

Ҳамзамон, зимни боздид муовини раиси шаҳр бо табибони шуъбаи мазкур суҳбат намуда,аз рафти табобати як қатор беморон ва хизматрасонии тиббӣшинос шуда, барои боз ҳам хуб ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба табибон тавсияҳо доданд. Инчунин, муовини раиси шаҳр зимни суҳбат бо кормандони шуъбаи таваллудхонаи шаҳр оиди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар рафти фаъолиятӣ корӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои хавфи коррупсионӣ ва даст назадан ба дигар қонуншиканиҳо сухан гуфтанд.

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: