Ситод оид ба даъвати  ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ

24 апр 2025, 08:29
Слайдер / Навид / Навигариҳо
70

 Дирӯз дар бинои комиссарияти ҳарбии шаҳр таҳти раёсати  муовини раиси шаҳр,  раиси  комиссияи даъвати ҷавонон  Мирзозода Баҳриддин Файзулло ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати ҷавонони синни даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар он муовини раиси шаҳр, комиссари ҳарбии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулон иштирок карданд. Ҳамзамон, дар рафти ситод,  ба масъулон барои сари вақт иҷро намудани нақшаи даъват супоришҳои  мушаххас дода шуд.

  Ҳамчунин, Мирзозода Баҳриддин ба  масъулини сохторҳои марбута дар муҳлатҳои муайяншуда, ҷамъбаст намудани нақшаи даъвати баҳорӣ дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: