ТАНТАНАИ ҶАШНИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

21 мар 2025, 15:04
Слайдер / Соҳаҳо / Навид / Навигариҳо
122

 Сокинони шаҳри Ваҳдат Наврӯзи хуҷастапайро пуршукӯҳ ва бо шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳр тантанаҳои идона бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини  раиси ҶСК "Барқи тоҷик" Абдулло Қурбонзода, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, муовинони раис, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, аҳли ҷамоатчигӣ, собиқадорони меҳнат, кормандони касбу кори гуногун ва сокинону фаъолон иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ чун анана сокинони меҳнаткаши шаҳр бо оростани хони Наврӯзӣ ва эҳёи расму суннатҳои миллӣ ба идгоҳ ҳозир шуданд. Баъдан, намоиши молу маҳсулот, дастовардҳои аҳли ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳр, анъанаҳои неки Наврӯзӣ, таомҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ба намоиш гузошта шуд.

 Зимни ҷамомади тантанавӣ, иброз гардид, ки  бо заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси Ҷашни байналмилалӣ пазируфта шудани Наврӯз дарак аз он медиҳад, ки ҳанӯз аз замони қадим то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Наврӯзи соли 2024 вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукӯҳ таъкид намуданд: «Моҳияту ҳикмат ва табиати Ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, оини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст».

 Мирзо Исмоилзода, дар баромади хеш тамоми мардуми кишвар ва сокинони шаҳро бо Ҷашни Наврӯзи бузурги ниёгонамон табрику муборакбод намуданд.  Зикр кард, ки соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯз аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида, муборактарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардумӣ маҳсуб ёфта, ифодагари таҷлили рӯзи нав, соли нав, иқболи нав ва орзуҳои нав, баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую расму оин, ҷаҳонбинӣ ва рукнҳои тамаддуни халқу қавмҳо буда, давоми мантиқии суннатҳои ниёгонамон мебошад.

Ба ифтихори Ҷашни Наврӯз гирду атрофи варзишгоҳ бо шиорҳо ва парчами миллӣ оро дода шуда, дар ҳар канори он сокинону меҳмонон хурсандӣ мекарданд.

Абдулло Қурбонзода сокинони сарбаланди шаҳри Ваҳдатро бо Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфта,  зикр карданд: “Моҳияту ҳикмат ва табиати Ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, оини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат намудааст. Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳаммулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллии мо мебошад”.

Инчунин, дар идомаи чорабинӣ як қатор фаъолони шаҳр бо сипосномаи раиси шаҳр қадр шуданд. Аз тарафи бахши фарҳанги шаҳри Ваҳдат ва сарояндаҳои ҷумҳурӣ барномаи рангини консертӣ баргузор гардид, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.

 

 

    

 

 

 

  

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: