НАТИҶАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲР  ДАР ДУМОҲАИ СОЛИ ҶОРӢ

17 мар 2025, 15:49
Слайдер / Соҳаҳо / Навид / Иқтисодиёт
36

    Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, таҳти раёсати раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисоди дар ду моҳи аввали соли 2025 доир гардид.

Дар корӣ ҷаласа муовини якум, муовинон раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони раёсат, мудирони шуъбаю бахшҳои назди мақомот ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Зимни шунидани гузориши муовинони раиси шаҳр, нозироти андоз, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба натиҷаҳои фаъолият дар таъмини рушди иқтисод, иҷрои нақшаи воридоти маблағ ба буҷет, фаъолияти корхонаҳои саноатию сохтмон, соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла омодагӣ ба мавсими кишт, захираи тухмӣ, сабзгардонию ниҳолшинонӣ, соҳаи маориф, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занону ҷавонон, омодагӣ ба маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ сухан ронда шуд.

Инчунин, таваҷҷуҳи масъулини соҳаҳо ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои босифати буҷет, таъмини нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ,  омода намудани заминҳо ба мавсими кишт, вусъати корҳои ободонӣ ба муносибати Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо ҷалб карда шуд. Ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ гардида ба масъулин тавсияҳо дода шуд.

Мирзо Исмоилзода, ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд Ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ, омодагиҳо барои ҷамбасти семоҳаи соли ҷорӣ, вусъати кишту кори баҳорӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дастуру супоришҳо доданд.

Ҳамзамон, раиси шаҳр дар хотимаи ҷаласаи мазкур аз тамоми масъулин бори дигар даъват ба амал оварданд, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо  вазифадорем, ки корбариву коргузориро ҷиддӣ ба роҳ монда, дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос бошем, то ин ки ба нишондиҳандаҳои хуб ноил гардем.

 

  

   

Ҳамчунин дигар наворҳо: