Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

Навид

Оғози фаъолияти Корхонаи сементбарории ҶДММ «Тоҷ-Чайна-2013»

2015-09-06vahdat cement

Худи ҳамин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти Корхонаи сементбарории Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Тоҷ-Чайна-2013» асос гузошт.

Мавриди зикр аст, ки моҳи январи соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар ин корхона санги асос гузошта буд.
Корхонаи сементбарории «Тоҷ-Чайна-2013» аз тарафи ширкати Ёқут - 2000 бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда шуд. Иқтидори истеҳсоли солонаи он 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент буда, дар як баст 400 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуд.
Баробари ба кор оғоз кардани навбати дуюми корхона боз 400 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.
Дар ин корхона сементи навъи 500 ва 600 истеҳсол мегардад, ки дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дошта, дар сохтмони тамоми намуди иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги саноатӣ ва гидротехникию гидроэнергетикӣ низ васеъ истифода мешавад.
Акнун баъди ифтитоҳи корхонаи Тоҷчайна - 2013 иқтидори истеҳсолии корхонаҳои сементбарории мамлакат афзун гардид ва воридоти ин маводи сохтмонӣ аз хориҷ коҳиш ёфта, нархи он низ поён рафт.
Баъди ифтитоҳи корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкат супориш дод, ки мутахассисони маҳаллӣ барои фаъолият дар ин ҷо омӯзонида шуда, 99 фоизи онҳо аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ бо кор ҷалб карда шавад.
Баъди ифтитоҳи корхона дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди коргарону мутахассисон суханронӣ намуда, оғози фаъолияти ин коргоҳи саноатиро табрик намуд.

Тақвим

<< < Декабр 2008 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

© 2007 - 2017 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov