Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии
шаҳри Ваҳдат

РОҒУН-РАМЗИ ХИРАДПЕШАГӢ ВА ИЛММЕҲВАРИСТ

Миллатҳои мутамаддини ҷаҳон аз роҳи созандагию бунёдкорӣ тавонистаанд сатҳу сифати зиндагии хешро тағйир дода, ба саодату шарофати инсонӣ бирасанд.

Ин пеш аз ҳама бо шинохти дақиқи илмӣ аз падидаву ҳодисаҳо ва равандҳои дар табиату олами ҳастӣ ба вуҷудоянда маншаъ мегирад. Воқеан дар дарозои таърих башарият танҳо аз роҳи шинохти дурусту воқеӣ тавонистааст нерӯҳои мармузи табииро ошкор карда, қонунмандиву хусусияти онҳоро ошкор намуда, на танҳо онҳоро аз як нерӯи ваҳмангез, балки ба як нерӯи созанда ва саодатбахши инсонӣ табдил додааст. Аз замони нав, бахусус аз марҳилаи эҳё шурӯъ намуда, инсоният пайи дуруст дарк кардани асрори табиат шурӯъ карда қонунмандиҳои онро омӯхт ва бо такя бо дастовардҳои илмӣ як ҷаҳиши бузурге дар сатҳи тамаддуни башарӣ ба вуҷуд овард. Дастовардҳои илмӣ инсонро аз як махлуқи дастнигари сарнавиштӣ ба як холиқ ва созандаи худу ҷаҳони инсониаш табдил додаанд. Ҳамин аст, ки донишу хирад инсонро саодатманд намуда дар масири панҷ қарни охир он қадар таҳаввулоти бесобиқа дар тамаддуни инсонӣ ба вуҷуд омад, ки тамоми миллионҳо соли мавҷудият рушди инсон баробар ба ин 500 соли баъдӣ шудан наметавонад. Илму дониш фанновариро ба вуҷуд оварда ҳазорон мушкили инсониятро ҳал намуданд. Инсонро аз як мавҷуди заминӣ, ки ҷаҳонро танҳо ҳудуди ҷаҳони худ мешинохт ба як мавҷуди фарозаминӣ (манзур инсоне, ки тавассути ақлу дониш ва хиради волои инсонӣ берун аз фазои замин ба галактикаҳо парвоз намуд), табдил додаанд. Ҳамин тавр давлатҳо ва миллатҳое, ки бо дониш ва ақлу хирад такя намудаанд худро чи аз лиҳози фарҳангӣ ва чи аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ ба миллатҳои пешрафта ва давлатҳои нерӯманди ҷаҳон табдил додаанд. Имрӯз ҳам ин кишварҳо дар масири созандагӣ ҳаракат намуда, пайваста дар роҳи омӯзиши донишҳои навин ба вуҷуд овардани фанновариҳои навтар ва такмили нерӯи зеҳниву қудрати илмии хешанд. Ин кишварҳо аз роҳи ҷаҳонбинии илмӣ амал намуда, танҳо ба қудрати илм ва хиради инсонӣ такя менамоянд ва тамоми мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии хешро аз ин роҳ мехоҳанд бароварда созанд. Онҳо ҳар гунна роҳҳои ғайриақлонӣ ва ғайриилмии ҳалли мушкилро қабул надоранд. Боварҳои пуч ва ғайриилмиву хурофотӣ барояшон ҷойгоҳе надорад ва танҳо ба ҳайси экспонатҳои асримиёнагии тамаддуни гузаштаи инсонӣ дорои арзишанд.

Воқеан ҷаҳони имрӯз ҷаҳони илммеҳвар аст ва танҳо миллате, ки дорои ҷаҳонбинии илмӣ  созандагию бунёдкорист метавонад дар арсаҳои гуногуни иҷтимоию сиёсӣ комгор бошад. Қудрати минтақавию сиёсиро дар даст дошта бошанд. Ба кишварҳои дигар муносибати хешро матраҳ намуда, аз ин роҳ ба онҳо таъсир гузорад. Саодат ва хушбахтии шаҳрвандони хешро таъмин созад. Дар раванди бо суръати ҷаҳонишавӣ ҷойгоҳ ва мақоми хешро нигоҳ дорад ва аз хатароти мунҳалшудан ва аз байн рафтан хешро ҳифз намоянд. Имрӯз илм қудрат аст. Қудрате, ки дар баробари он ҳамагуна қудратҳои дигар ночиз ва осебпазиранд. Ҳамин аст, ки миллатҳои пешрафта пайваста дар ҷустуҷӯ ва омӯзишу пажуҳиши илманд. Ин кишварҳо ҳамасола барои ривоҷ додани илму дониш маблағҳои зиёдеро ба харҷ медиҳанд. Зеро мутмаинанд, фанновариҳои навтару беҳтар метавонанд дар баробари рақобатҳои истеҳсолии ҷаҳони муосир истодагарӣ кунанд.

Миллати тоҷик дар дарозои мавҷудияти хеш ҳамеша ба илму дониш такя менамуд ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи дастовардҳои навини илмӣ кашфи асрори ҷаҳон дарки воқеияти табитату ҷамъият баромад намудааст. Ҳамин аст, ки садҳо фарзандони фарзонаи ин миллат дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ махсусан то ба зинаи имрӯза таҳаввулу ташакул ёфтани ҷаҳонбинии илмӣ саҳмгузорӣ намудаанд. Аз ҷумла Закариёи Розӣ, Форобӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Ал Хоразмӣ ва амсоли ин садҳо нафари дигарро метавон ном бурд.  Ҳарчанд дар таърих бо таъсири омилҳои дохиливу хориҷӣ муддати мадиде тафаккури боварманд ғолиб будааст ва сабаби бозмондагии рушд ва биниши илмӣ гардида, хирадвазиро монеъ шудаасаст ва хурофотро тарвиҷ кардааст, аммо ҷавҳари бунёдии фарҳанги миллиро хирад ва созандагиву бунёдкорӣ ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки намояндагони миллати тоҷик дар дарозои таърих ҳазорон офаридаҳои модиву маънавиро ба фарҳанги башарӣ ба мерос гузоштаанд.

Миллати тоҷик пас аз расидан ба Истиқлолияти сиёсӣ ва соҳибдавлатӣ дубора барои эҳёи тафаккури созандаву хирадпеша ва илммеҳвар, ки бунёди фарҳангии ин миллатро ташкил мекард, неруҳои худро равона сохт. Махсусан пас аз расидан ба созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ масири илму фарҳанг ва созандагиву бунёдкориро масири аслии хеш қарор дод.

Рӯзи 9-уми сентиябри соли ҷорӣ ба шарафи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чархаи дуввуми нерӯгоҳи обӣ барқии Роғун аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар ба истифода дода шуд. Воқеан барои таърихи миллати тоҷик ҳодисаи мазкур фараҳбахшу беназир аст. Зеро он рамзи ифодагари тафаккури созанда ва халоқияту қудрати нерӯи ақлонии инсон аст. Ҷои ифтихор аст барои миллати пуршарафи тоҷик ки ин гуна сохтмони бузарги асрро бо иқтидори хеш мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Моҳияти аслии инсон созандагии ва офаринандагии инсон аст. Дар сатҳи умуиятҳои иҷтимоӣ миллате, ки ба тафаккури созандагӣ мерасад воқеан миллати растагор аст. Зеро танҳо миллатҳои офаринанда дар ҷаҳони кунунӣ дорои мавқеъ, обрӯ ва асолат маҳсубанд. Нерӯгоҳи Роғун бо пурра ба анҷом расидани сохтмонаш ва ба чархиш омадани 6 агрегати он метавонад 600 мега бат ва дар 1 сол 17,1млр килловат соат нерӯи барқ ҳосил кунад ва яке аз бузургтарин НБО-ҳои ҷаҳон хоҳад буд. Ҳарчанд сохтмони НБО Роғун соли 1976 дар замони мавҷудияти Шуравӣ оғоз гардида бошад ҳам вале дар солҳои 80 - уми асри гузашта монеаҳо эҷод шуданд ва сохтмони ин пуржаи азим бо оғози ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 уми асри гузашта ки ба дасти гуруҳҳои манфиаҷуи дохилӣ аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ шуд, пурра мутавақиф гашт. Ин ҷанги таҳмилиро, ки омили асосиаш Ҳизби террористии наҳзат ислом буд Тоҷикистонро ба вартаи нобудӣ ва 150 ҳазор куштаву миллионҳо фарорӣ ва иқтисоди кишварро варшикаста намуд. Бо и бтикори қувваҳои солимфикр зина ба зина вазъи иҷтимоию сиёсии ба эътидол омада пас аз Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвареро, ки дар ҳоли аз байн рафтан буд, бо сарварии Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масири созандагӣ ворид намуд. Аз солҳои 2000- ум сар карда дар кишвар ҳазорон объектҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд ва давлат дар се самти асосӣ ҳадафҳои стратегии худро коркард намуда, барои аз байн бурдани монеаҳои иртиботӣ ва ба ҳам овардани як Тоҷикистони воҳид созандагии роҳҳоро ба миён гузошт ва Тоҷикистонро аз як кишвари бунбастӣ ба як кишвари транзитӣ табдил дод. Ҳадафи дуюм истиқлолияти энергетикии кишвар аст, ки дар ин замина даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург то имрӯз ба фаъолият оғоз намудаанд. Муҳимтар аз ҳама имрӯз Тоҷикистон дорои системаи ягонаи энергетикӣ дохилӣ аст, ки ба ин шабакаи ягона ҳамаи минтақаҳо шомиланд. Дар аввалин марҳилаи ба миён омадани субботи иҷтимоӣ, ки солҳои 2000 буд дубора шуруъ кардани сохтмони НБО Роғун ба авлавиятҳои сиёсии роҳбарияти кишвар қарор мегирифт. Зеро таърихан миллати тоҷик, миллати соҳибтамаддун, бунёдкор ва офаранда аст. Ҳамин аст, ки бо офаридаҳои моддӣ ва зеҳниаш дар тули таърихи ҳазорсолаҳо дар баробари султаҳои бегона истодагарӣ намудааст ва худро аз нобудӣ маҳфуз доштааст. Ҳаминро ба инобат гирифта Пешвои Миллат иродаи сиёсии хешро барои бунёди НБО Роғун дар миён гузошт. Новобаста аз ҳама монеаҳо барои ба чархиш омадани аввалин чархаи ин нерӯгоҳ тамоми мушкилотро роҳбарияти сиёсӣ ва миллати созандаи тоҷик таҳаммул намуд ва натиҷаи ҳамин буд, ки монеаҳо аз байн рафтанд ва ба ин рӯзи фируз расидем. Имрӯз барои ҳамаи аҳли миллати тоҷик ҷашн аст. Рӯзи ифтихору сарбаландист. Зеро бунёди кохи нури Роғун мактаби созандагӣ, ҷасорат, мардонагӣ ва хирадмандиву хирадпешагӣ ва худшиносии миллати тоҷик аст. Роғун таҷассуми қудрати донишу фанноварии башарият барои саодату комгорист. Баёнгари он аст, ки инсон тавссути неруи илму фанноварӣ дарёеро, ки ҳазорон сол дар як масир равон буд, маҷрояшро иваз намуда, неруи онро ба неруи барқ рушаноӣ ва созандагиву бунёдкорӣ табдил дод. Роғун рамзи ҷаҳонбинии илмӣ, хирадмеҳварӣ ва хурофаситезӣ аст. Бунёди ин пуржаи азим зеҳнияти боз ҳам қавии илмиро дар ҷомеа ба миён хоҳад овард ва мардумро ба самти донишпажуҳиву хирадпешагӣ савқ хоҳад дод. Миллатро ҳам аз лиҳози рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва ҳам аз лиҳози моддиву иқтисодӣ вораста хоҳад кард. Ин кохи нур ва ин мактаби созандагӣ минбаъд низ моро водор месозад, ҳамеша дар пайи омӯзишу пажӯҳиш бошем. Захираҳои кишварро азлиҳози илмӣ дуруст шиносем ва онро барои зиндагии шоиста ва миллати вораста истифода намоем. Тафаккури дастнигарӣ, таваккулӣ,хурофазадагӣ ва сарнавиштмеҳвариро канор гузорем ва дар пайи тарроҳии як ояндаи равшани муттако бо илм ва неруҳои созандаи худӣ бошем. Ин воқеиятро бипазирем, ки танҳо мушкилотро бо роҳи ақлу хирад, омӯзишу парвариш, ва кашфу пажӯҳиш бартарф кардан имконпазир аст. Бо пурра ба кор даромадани ин неругоҳ Тоҷикистон метавонад ба як кишвари содиркунандаи неру табдил ёфта, арсаҳои иқтисодии хешро боз ҳам тақвият бахшад.

Тақвим

<< < Сентябр 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

© 2007 - 2019 Мақомоти иҷроияи маҳаллииҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат
кӯчаи 20-солагии Истиқлолият 12
735400 шаҳри Ваҳдат
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Development by: UmedSharipov