ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Бахшида ба 32- солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, имрӯз дар қисми ҳарбии 16772 Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Ваҳдат чорабинии идона доир шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадорон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.
Зимни баромади худ, раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, зикр намуд, ки ҳамасола чун анъана дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 феврал санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун рӯзи ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан ва мардони далеру шуҷоъ бо самимият ва шукӯҳи хос таҷлил мегардад. Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи шуморо афсарону сарбозони далеру шуҷоъ Меҳанро ба муносибати 32- солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷузъу томҳои Артиши миллиамон дар баробари рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат, бо яке аз сохторҳои низомии пешрафтаю қудратманди минтақа табдил ёфт ва дилпурона дар хизмати содиқонаи халқу Ватан ва ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азизамон қарор доранд.
Гуфта шуд, ки аз саҳифаҳои таърих аён аст, ки 32 сол пеш маҳз бо талош ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти ниҳоят душвор ва тақдирсоз таъсис дода шуд. Воқеан ҳам ҳимояи марзу буми мамлакат бар уҳдаи сарбозони далер ва шуҷои Ватан мебошад. Хушбахтона, фарзандони меҳандӯсти давлат ва сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъулият ва вазифаро сарбаландона иҷро менамоянд. Ин нишонаи неруи бузург, тарбияи касбию маҳорати баланди афсарон ва аскарони Артиши миллӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар рафти чорабини ба як қатор хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати содиқона, саҳми арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дар охири чорабинӣ кормандони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳои худ, дили афсарону сарбозонро шод гардониданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


