ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД  ҶАШН ГИРИФТАНИ 32- СОЛАГИИ  ТАЪСИСЁБИИ ҚМҶТ

19 фев 2025, 11:30
Слайдер / Ҷавонон ва варзиш / Навид / Навигариҳо
13

   Ҷиҳати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чанде пеш гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, зери роҳбарии роҳбари дастгоҳи раис Убайдулло Абдуллозода ва дигар намояндагони мақомоти маҳаллӣ, ҷиҳати дар сатҳи баланд  ҷашн гирифтани 32- солагии  таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарони қисми ҳарбии 16772 Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Ваҳдат суҳбат намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола рӯзи 23-юми феврал дар кишвар ҳамчун рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, дар ҳамкорӣ бо қисми ҳарбии 16772 Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҷлил намудани Рӯзи Артиши миллӣ омодагии худро дар сатҳи баланд дида истодааст.

 

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: