ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ШАҲР БА ТАЛАБОТИ МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУТОБИҚ МЕГАРДАД
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки 3-уми феврали соли равон дар шаҳри Душанбе бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин, аҳли ҷомеаи футболи ҷумҳурӣ мулоқот доир намуданд. Санаи 18-уми феврали соли равон раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани варзишгоҳи марказии шаҳр бо муовинони раис ва бо масъулони соҳаҳо суҳбат намуд.
Ҳамзамон, раиси шаҳр аз варзишгоҳи марказии шаҳр дидан карда, оид ба ҳарчи зутар ҳал намуданӣ мушкилиҳои ҷойдошта ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин, Мирзо Исмоилзода масъулин ба анҷоми босифати корҳо ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки беҳтар шудани шароит ба рушти соҳаи варзиш ва афзудани дастовардҳои варзишгарони шаҳр мусоидат хоҳад кард. Тибқи супоришҳо мутахассисони соҳа айни замон он камбудиҳое, ки дар варзишгоҳ мавҷуданд, барои сари вақт бартараф кардани онҳо чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Бояд гуфт, ки оид ба супоришҳои дар болозикр дар шаҳр ситоди корӣ зери роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр, сардори ситод ташкил шуда рафти корҳои онро ҳарӯза зери назорат мегиранд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


