ТАРАБХОНАИ ЗУДХИЗМАТРАСОНИ KFC ДАР ВАҲДАТ ИФТИТОҲ ЁФТ
Дирӯз дар маркази шаҳри Ваҳдат филиали тарабхонаи амрикоии зудхизматрасони KFC мавриди истифода қарор дода шуд. Ин аввалин тарабхонаи брендӣ дар шаҳри Ваҳдат мебошад, ки айни замон сокинон маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намудааст.
Дар маросими ба истифодадиҳии тарабхона раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода ва намояндагони KFC ширкат варзиданд.
Дар ин тарабхона асосан тамоми хӯрокҳои зудпаз аз гӯшти мурғ, ки дар тамоми ҷаҳон машҳур буда, тамъи хосса доранд, омода карда мешаванд. Аз ин пас, сокинону меҳмонони шаҳри Ваҳдат имкон доранд, то дар тарабхонаи наву замонавӣ ба истеъмоли хӯроки табъи дил машғул шаванд.
Раиси шаҳр зимни ифтитоҳи он бо масъулони филиали тарабхонаи амрикоии зудхизматрасони KFC суҳбат намуда, гуфтанд, ки сатҳи хизматрасониро барои сокинони шаҳр ва берун аз он хубтару беҳтар бароҳ монанд.
Ҳамзамон, дар ифтитоҳи он барои болидаруҳ гардиданӣ сокинони шаҳр консерт, доир гардид, ки дар он сарояндагони ҷумҳурӣ иштирок карданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


