ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲР ДАР МАВЗУИ ПЕШГИРИИ ҲАМРОҲШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТГАРО ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД.

11 фев 2025, 12:54
Ҷавонон ва варзиш / Маориф / Навигариҳо / Навид
18

  Барои вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим, чанде пеш аъзои гурӯҳи кории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо омӯзгорон ва хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва №4-и шаҳр вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Асроров Фирдавсӣ, муовини раиси шаҳр Абдураҳимзода Шоира, сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Муҳиддинова Маҳбуба, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Шарофиддинова Шаҳноза ва мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Наҷмиддинов Сулаймон иштирок намуд. Вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим сухан ронда шуд.

   Зикр шуд, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникию технологиашонро мустаҳкам намоянд.

  Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтода, ҳамчун ҷавонони ватандӯсти асил ба воя расанд, барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ифтихор аз Тоҷикистон дошта бошанд. Ҷавонони мо бояд  дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузошта,  пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро  бигиранд.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки баҳри ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ кардани муҳтавои суханҳои дарболо зикршуда, дар шаҳр нақшаи чорабиниҳои махсус ташкил гардид. Масъулон кӯшиш мекунанд, ки ба хотири возеҳ фаҳмондани масъалаҳои муҳим бештар дар байни ҷавонон кор баранд, ҷинояткорӣ, тақлид ба либосҳои бегонаро пешгирӣ намоянд, фарҳанги дурусти истифодабарии телефонҳои мобилиро шарҳ диҳанд. Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, даст назадан ба исрофкорӣ, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, ва дигар масоили мубрами рӯз вазифаи ҳамарӯзаи гурӯҳи корӣ ба ҳисоб мераванд.

  

 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: