ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик буда, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Санаи 31-уми январи соли 2025 дар маркази шаҳр бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Ҷашни Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Гуфта шуд, ки Ҷашни Сада ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст. Иди Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстию рафоқат мебошад, ки аз ҷониби мардуми шарафманди тоҷик ҳамасола бо риояи тамоми суннату анъанаҳои хос таҷлил мегардад.
Дар чорабинӣ гӯшаи намоиши ҳунарҳои миллӣ, намоиши фурӯши ниҳол, тухмии гулу буттаҳо, гӯшаи дастовардҳои кишоварзон, олоти меҳнати деҳқон ва маҳсулоти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ташкил шуда, бонувон, толибилмони муассисаҳои таълимӣ, ҳунармандон, кормандони ташкилоту муассиса ва аҳли заҳмати ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳр намунаи ҳунару маҳорат ва маҳсули меҳнати хешро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Дар гӯшаи намоишгоҳ ҳунарҳои чӯбтарошӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, ресандагӣ ва самараи заҳмати кишоварзон дар бахшҳои сабзавоткорӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ, растанипарварӣ, истеҳсоли тухмӣ ва дастовардҳои тамоми соҳаи кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуданд. Ин тадбир аз пешрафти соҳа ва сол то сол зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дарак медиҳад.
Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҷашни Сада аз ҷовидонии Хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳору Ҷашни байналмилалии Наврӯз, инчунин, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
– Мардуми шарафманди шаҳр дар қатори дигар сокинони сарбаланди кишвар, ки табиатан ба некиву покӣ ва гармиву рӯшноӣ майл доранд, Ҷашни Садаро бо хушиву хурсандӣ истиқбол гирифта, чун ниёгони хушсалиқаамон аз имрӯз шуруъ карда, ба мавсими киштукори баҳорӣ омодагӣ мегиранд. Баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳ, ки тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Мардуми бофарҳанги шаҳр таҳти ғамхории Сардори давлат пайваста кӯшиш менамоянд расму оинҳои миллии аҷдодии худро, ки дорои моҳияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва этнографӣ мебошанд, ба таври ҳамешагӣ зинда нигоҳ доранд,-зикр кард раиси шаҳр.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги шаҳр ва сарояндаҳои ҷумҳурӣ барои болидаруҳ гардидани иштирокчиён барномаи рангини консертӣ баргузор гардида, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.
Дар поёни чорабинӣ як зумра заҳматкашон ва фаъолон бо ифтихорнома ва сипоснома сарфароз шуданд.