ИДОМАИ ВОХӮРИҲО БО ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲР
Вохӯриҳои муштараки сохторҳои шаҳри Ваҳдат, ҷиҳати вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, мубориза зидди гардиши маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим чанде қабл, дар толори "Кохи маърифат"-и шаҳр бо донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат мулоқоти сардори шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Асроров Фирдавсӣ, муовини раиси шаҳр Абдураҳимзода Шоира, сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Муҳиддинова Маҳбуба, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Шарофиддинова Шаҳноза ва мудири бахши дин ва танзим Наҷмиддинов Сулаймон баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ ҳозирин вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар мавзуъҳои муҳим сухан гуфтанд.
Таъкид гардид, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникиву технологиашонро мустаҳкам намоянд. Ҳамзамон, зикр шуд, ки мо бояд суханони Роҳбари кишварро, ки ба хотири дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо ва беҳгардонии сатҳи зиндагии мардум аст, сармашқи кори худ намоем. Ҳар як ҳарфи Пешвои миллат ба фоидаи мардум буда, ҳидоят ба роҳи рост ва зиндагии осуда мебошад. Тавре ки Сарвари давлат зикр карданд: «Мо набояд фаромӯш кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд».
Инчунин, дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то ки онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтанд. Ҷавонон бояд чун ватандӯсти асил ба воя расанд, баҳри ҳимояи Ватан-Модар ҷонбозиҳо намоянд, ифтихор аз Тоҷикистони биҳиштосо дошта бошанд, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда бигиранд. Мо бояд пеши роҳи қонуншиканиву исрофкорӣ, тарғиби либосҳои бегона, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротиро бигирем. Дар ин масир ҳар шахси худогоҳу ватандӯстро мебояд аз худ нақше гузорад. Баҳри ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ кардани муҳтавои суханҳои дарболо зикр шуда, дар шаҳр нақшаи чорабиниҳои махсус ташкил гардид.
Масъулон кӯшиш мекунанд, ки ба хотири возеҳ фаҳмондани масъалаҳои муҳим бештар дар байни ҷавонон кор баранд, ҷинояткорӣ, тақлид ба либосҳои бегонаро пешгирӣ намоянд, фарҳанги дурусти истифодабарии телефонҳои мобилиро шарҳ диҳанд. Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, даст назадан ба исрофкорӣ, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, ва дигар масоили мубрами рӯз вазифаи ҳамарӯзаи гурӯҳи корӣ ба ҳисоб мераванд.