СЕМИНАР ОИД БА ВУСЪАТ БАХШИДАНИ КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ
Санаи 25-уми соли равон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар толори Мақомоти шаҳр семинар оид ба вусъат бахшидани кишту кори зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуданд.
Дар рафти семинари мазкур муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳр, оид ба кишту кори баҳорӣ баромад намуданд.
Ҳамзамон, дар семинар ба масъулини кишоварзии шаҳрбобати истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои зери юнучқа қарордошта, омода будани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва таъмини онҳо бо тухмии хушсифат, мубориза бо ҳашароти зараррасон, омода намудани заминҳои кишт ва омодагӣ ба маъракаи кишти баҳорӣ, супоришҳои иловагӣ дода шуд.
Инчунин, масъалаҳои кишти пахта, интихоби тухмии босифати ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ ваомодагӣ ба навъҳои серҳосили ғалладона, картошка, сабзавот, рушди боғу токпарварӣ ва афзун намудани иқтидори содиротӣ ба деҳқонон дастуру тавсияҳо доданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


