СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ
Чанде пеш дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ситоди кории доимоамалкунанда, оид ба вусъат додани корҳои соҳилмустахкамкунӣ, барқарорсозии сарбанди каналҳои обгузари шаҳр, ки дар ҳолати офатҳои табиӣ ба амал омадаанд, зери роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр, сардори ситод Холиқзода Давлат Ҳайдар ҷаласаи ситоди корӣ доир гардид.
Дар кори ситод аъзоёни ситод ширкат варзида, аз натиҷа кор маълумот доданд.
Ситоди корӣ аз вазъи соҳилмустаҳкамкуни ва барқарорсозии сарбанди каналҳои шаҳр, ки дар ҳолати офатҳои табиӣ ба амал омадаанд, ҳамчунин, мавзеъҳои хавфноки шаҳрро мавриди омӯзиш қарор дода, ба унвонии раиси шаҳр маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.
Ҳамзамон, ситоди корӣ вазифадор аст, ки чиҳати пешгирии офати табиӣ, тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода, пешгирии оқибатҳои он, саривақт огоҳ намудани аҳолӣ, ташкил ва анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъминот бо маводи аввалиндараҷа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Инчунин, дар ситод зикр шуд, ки ситоди корӣ вазифадор аст, бо вазорату идораҳои ҷумхуриявӣ ва ташкилоту идораҳои дахлдори шаҳр ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориро ҷоннок намоянд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:


