Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Ваҳдат» оғози гардид
Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин, муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад.
Бо мақсади ҷалби аҳолӣ ба намудҳои гуногуни варзиш ва тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси шаҳри Ваҳдат дар мувофиқа бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни корхонаву ташкилотҳои шаҳр мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Ваҳдат” таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Шоира Абдураҳимзода оғоз ёфт.
Дар мусобиқаи мазкур 15 даста аз корхонаву ташкилотҳои шаҳр ҷалб шуда, миёни худ рақобат хоҳанд кард.
Дар оғози мусобиқаи варзишӣ Шоира Абдураҳимзода изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории чунин як бозии варзишӣ пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби васеи бозии футбол миёни аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва ҷалби омма ба варзиш мебошад. Боиси хушҳолист, ки Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9-уми феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Ёдовар мешавем, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 май ба таври расмӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.