РАФТИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

28 ноя 2026, 11:18
Слайдер / Соҳаҳо / Навид
8

   Имрӯз дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар ин рӯз шаҳрвандонро муовини якуми раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин Файзулло қабул намуда, муроҷиат ва дархостҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳангоми қабул сокинон вобаста ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, расонидани кумаки моддию иҷтимоӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра муроҷиатҳои худро пешниҳод намуданд.

Муовини якуми раиси шаҳр пас аз шунидани муроҷиатҳои шаҳрвандон ба масъулини сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастур дод, ки ҳар як муроҷиатро дар доираи ваколатҳои худ ва мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ҷиҳати ҳалли саривақтӣ ва қонунии онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон, ба масъулини шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат супориш дода шуд, ки рафти баррасӣ ва иҷрои муроҷиатҳои воридгардидаи шаҳрвандонро зери назорати доимӣ қарор дода, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои додашударо таъмин намоянд.

Қобили зикр аст, ки қабули шаҳрвандон яке аз воситаҳои муҳими робитаи бевоситаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо аҳолӣ буда, барои сари вақт ошкор ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат



 

Ҳамчунин дигар наворҳо: