Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон дар шаҳри Ваҳдат чорабинӣ доир шуд
Санаи 27-уми ноябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат, дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.Дар чорабинӣ муовини якуми раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин Файзулло ва сардори ШВКД дар шаҳри Ваҳдат Рамазонзода Мансур иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҳамзамон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони ШВКД, намояндагони раёсати маориф, бахшҳои кор бо ҷавонон ва занон, инчунин, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷҳои шаҳр иштирок намуданд.
Масъалаҳои марбут ба муҳтавои қонуни мазкур, роҳҳои пешгирии савдои одамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, инчунин, озмуни эълоннамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Якҷоя бар зидди савдои одамон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонон ба озмун, қарори раиси шаҳри Ваҳдат ба тасвиб расида, маводи дахлдор тавассути сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр https://vahdat.tj ва саҳифаҳои расмии мақомоти маҳаллӣ дар сомонаҳои интернетӣ таҳия ва интишор гардидааст.
Мирзозода Баҳриддин Файзулло ва Рамазонзода Мансур зимни суханрониҳои худ оид ба аҳаммияти татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор дар самти мубориза бо савдои одамон ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон, ба ҷавонону донишҷӯён ҷиҳати иштироки фаъолона дар озмуни «Якҷоя бар зидди савдои одамон», омода ва пешниҳод намудани корҳои эҷодии арзишманд, ишғоли ҷойҳои намоён ва сазовор гардидан ба туҳфаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоятҳои судманд дода шуданд.
Инчунин, таъкид гардид, ки ғолибони озмун аз ҷониби МИҲД- и шаҳри Ваҳдат низ қадрдонӣ мегарданд.
Гуфта шуд, ки муқовимат ба савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни он аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми ҷомеаи муосир маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, дар ин самт такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти дахлдор ва татбиқи чораҳои муассири пешгирикунанда нақши муҳим доранд.
«Муборизаи самаранок бо савдои одамон ҳамкории пайгирона ва ҳамоҳангшудаи мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдорро тақозо мекунад. Дар баробари ин, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои савдои одамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии қурбониён ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва кумаки иҷтимоӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолият дар ин соҳа ба ҳисоб мераванд»,–таъкид гардид зимни чорабинӣ
Баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳлили масъалаҳои мубрами соҳа, муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таҳкими ҳамкории ниҳодҳои масъул дар самти муқовимат ба савдои одамон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар охир таъкид гардид, ки танҳо тавассути ҳамкории судманди сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа метавон сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардошта, насли ҷавонро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳои замони муосир ҳифз намуд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
14.10.2026, шаҳри Душанбе Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо дар
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



