ЭЪЛОН: ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН БАРОИ БЕҲТАРИН МАҚОЛА ОИД БА МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН

19 ноя 2026, 11:55
Соҳаҳо / Навид
1


  Шуморо барои иштирок дар озмуни «Якҷоя бар зидди савдои одамон» даъват менамоем!

Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар доираи ташаббуси маърифатӣ ва бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон озмун барои беҳтарин мақоларо эълон мекунанд. Озмуни мазкур ба масъалаҳои пешгирии истисмор ва муқовимат ба савдои одамон, ҳимояи ҳуқуқҳои қурбониён ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи шаклҳои муосири истисмор бахшида шудааст.


Мақсади озмун ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти савдои одамон, мусоидат ба паҳн намудани маълумоти саҳеҳ ва дастгирии муаллифоне мебошад, ки дар соҳаи пешгирии ин ҷиноят роҳҳои ҳалли самаранок пешниҳод менамоянд.


Аз рӯи натиҷаҳои озмун ғолибон мукофотонида шуда, беҳтарин маводҳо дар рӯзнома, маҷаллаҳо ва сомонаҳо нашр карда мешаванд.


Барои иштирок кардан дар озмун ҷавонони аз синну соли 18 то 27 даъват карда мешаванд, ки ихтиёрӣ дар бораи яке аз мавзӯҳои пешниҳодшуда мақола навишта, онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намоянд.


Ҳадаф аз ташкили озмун баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ оид ба хатарҳои савдои одамон ва ҷалби шаҳрвандон ба иштироки фаъол дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт. Ҳар як мақола метавонад як оилаеро аз фиреб ҳифз кунад ва як нафарро аз доми фиреби қаллобон наҷот диҳад. Овози ҷавонон дар фазои рақамӣ аз ҳама бештар ба ҳамсолон мерасад.


Ҳамаи шахсони ҳавасмандро даъват менамоем, ки дар бунёди ҷомеаи озод аз савдои одамон ва истисмор саҳми худро гузоранд!


Талаботи умумӣ.


Ҳаҷми мақола: На камтар аз 10 саҳифаи формати А4 (барои пост дар шабакаҳои иҷтимоӣ).


Забон тоҷикӣ, бо риояи меъёрҳои имлои амалкунанда.


Хештег (аломат ва ишораи махсус) ҷавонон бар зидди савдои одамон.


Акс, видео танҳо маводи худӣ


Сохтори тавсияшавандаи мақола.


1. Оғоз: савол, далел ё ҳолати ҳаётӣ.


2. Қисми асосӣ: моҳияти мушкилот, сабабҳо ва аломатҳо.


3. Маслиҳати амалӣ: хонанда чӣ кор карда метавонад.


4. Хулоса: даъват ба огоҳӣ ва ҳамбастагӣ.


Принсипҳои ахлоқӣ.


• Ному насаб, акс ва маълумоти шахсии қурбониёнро ошкор накунед.


• Қурбониро айбдор накунед ва ибораҳои таҳқиромезро истифода набаред.


• Аз тасвирҳои даҳшатовар ва ҳиссиёти аз ҳад зиёд худдорӣ намоед.


Дақиқии маълумот.


• Ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ такя кунед.


• Рақамҳо ва далелҳоро аз манбаъҳои расмӣ гиред ва манбаъро нишон диҳед.


• Маълумоти тасдиқнашуда ва овозаҳоро паҳн накунед.


• Матни дигаронро бе иқтибос ва ишора ба муаллиф нусхабардорӣ накунед.


Лаҳни матн


Содда, самимӣ ва ба ҳамсолон наздик нависед. Ҳадаф тарсондан не, балки огоҳ кардан ва ба амал ҳидоят намудан аст.


Мавзуъҳо барои навиштани мақолаҳо оид ба муқовимат ба савдои одамон аз ҷониби комиссияҳои ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, минтақаи Рашт, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва раёсатҳои ВКД дар минтақаҳои болозикр пешниҳод карда мешавад.


Тартиби ирсол ва нашр.


1. Мавзуъро аз рӯйхат интихоб кунед ва рақами онро қайд намоед.


2. Мақоларо мувофиқи дастурамал нависед ва аз назари имло санҷед.


3. Мақоларо дар саҳифаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоӣ бо ҳештегҳои (аломат ва ишораи махсус) муқарраршуда нашр кунед.


4. Пайванди нашрро ба ташкилкунандагон - Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ирсол намоед ва ному насаб, синну сол ва рақами мавзуъро нишон диҳед. Телефон барои тамос:

Раҳматуллоев Фарҳод, WhatsApp +992 935109955


5. Ба шарҳҳои хонандагон боэҳтиром ҷавоб диҳед ва мубодилаи афкорро идома диҳед.


Мақолаҳое, ки ба озмун пешниҳод карда мешаванд, ҳатман дар сомонаи расмии Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон гузошта шуда, муаллифони онҳо бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.


Хоҳишмандон, метавонанд мақолаҳоро дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла дар рӯзномаву ҳафтанома ва маҷаллаҳо низ нашр намоянд.


Муҳлати ниҳоии қабули мақолаҳо то 26-уми декабри соли 2026.

Шаклҳои қадрдонии муаллифон:


Ҷойҳои 1-ум – 3 нафар бо телефони мобилӣ;


Ҷойҳои 2-юм – 3 нафар бо телевизор;


Ҷойҳои 3-юм – 3 нафар бо планшет;


Ҷоизаҳои ҳавасмандгардонӣ - 20 нафар бо туҳфаҳои хотиравӣ.


Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон.


WhatsApp +992 935109955

Раҳматуллоев Фарҳод


 

 

Ҳамчунин дигар наворҳо: