ЯКҶОЯ БАР ЗИДДИ ЗӮРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ!

Барои ҷомеаи беҳтар, оилаи хушбахт ва ҷомеаи пешрафт!
Зӯроварии гендерӣ яке аз мушкилоти муҳими иҷтимоии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсири манфӣ мерасонад. Мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб вазифаи на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Ҳамасола аз 25 ноябр то 10 декабр дар тамоми ҷаҳон маъракаи байналмилалии «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ» баргузор мегардад. Ҳадафи асосии ин маърака баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ, ҳифзи ҳуқуқи занону духтарон ва ташаккули муҳити солиму бехатар дар ҷомеа мебошад.
Зӯроварӣ метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ, иқтисодӣ ва дигар намудҳо зоҳир гардад. Ҳар гуна муносибати таҳқиромез, маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳо ва поймол намудани шаъну шарафи инсон қобили қабул нест. Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад дар муҳити орому осуда зиндагӣ намуда, аз эҳтиром, баробарӣ ва муносибати нек баҳравар бошад.
Оила ҳамчун рукни асосии ҷомеа дар тарбияи насли солим ва ташаккули арзишҳои ахлоқӣ нақши муҳим дорад. Оилаи хушбахт оилаест, ки дар он эҳтироми тарафайн, ҳамдигарфаҳмӣ, муҳаббат, боварӣ ва масъулиятшиносӣ ҳукмфармо бошад. Маҳз дар чунин муҳит фарзандон бо ҳисси эҳтиром ба инсон, адолат ва баробарӣ ба воя мерасанд.
Дар ин самт нақши занон дар ҷомеа хеле муҳим мебошад. Занон бо фаъолияти созанда, меҳнатдӯстӣ, дониш, фарҳанг ва масъулиятшиносии худ дар рушди ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Ҳифзи ҳуқуқи занон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, меҳнат ва фаъолияти ҷамъиятии онҳо яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мебошад.
Мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ танҳо бо баргузор намудани чорабиниҳои маърифатӣ маҳдуд намегардад. Барои пешгирии ин падида ҳамкории мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, оила ва ҷомеа зарур аст. Ҳар як шахс бояд дарк намояд, ки хомӯшӣ дар баробари зӯроварӣ метавонад ба идомаи ин мушкилот мусоидат кунад.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, гузаронидани суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ аҳамияти калон дорад. Ҳамчунин, зарур аст, ки ба шахсони осебдида дастгирии ҳуқуқӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ расонида шуда, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
«Якҷоя бар зидди зӯроварии гендерӣ!» — ин танҳо шиор нест, балки даъват ба ҳамдигарфаҳмӣ, масъулиятшиносӣ ва амалҳои созанда мебошад. Мо бояд барои ҷомеае талош намоем, ки дар он ҳар як зану духтар худро бехатар ҳис кунад, ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром карда шаванд ва муносибатҳои оилавӣ бар пояи муҳаббат, эҳтиром ва адолат бунёд гарданд.
Биёед, бо эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, дастгирии ҳамдигар ва баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ дар пешгирии зӯроварӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Зӯровариро рад мекунем, баробариро дастгирӣ менамоем ва барои ояндаи дурахшон якҷоя қадам мегузорем!
Зеро ҷомеаи беҳтар аз оилаи хушбахт, муносибатҳои солим ва эҳтироми ҳуқуқи ҳар як инсон оғоз меёбад.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дастгоҳи раиси шаҳр
Ҳамчунин дигар наворҳо:



