ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ РОМИТ
Санаи 25-уми ноябари соли равон, бо иштироки муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Мирзозода Баҳриддин, намояндагони раёсати саорифи шаҳр ва дигар масъулон дар Ҷамоати деҳоти Ромит Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №154 мавриди истифода қарор дода шуд.
Муассисаи мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо саҳмгузории соҳибкорони ватандӯст Каримов Сангалӣ, Каримов Ҳайдаралӣ ва Каримов Табаралӣ бунёд гардидааст.
Дар Муассисаи тозабунёд 200 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Даргоҳи нави маърифат дорои 5 синфхонаи барҳаво маҷаҳҳаз аст.
Ёдовар мешавем, ки солҳои пеш хонандагони ин минтақа барои идомаи таҳсил маҷбур буданд масофаи дурро тай намуда, ба муассисаҳои таълимии дигар раванд. Акнун бо бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ ин мушкилот бартараф гардида, барои хонандагони деҳа шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуд.
Зимни ифтитоҳи Муассиса Баҳриддин Мирзозода баён намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба таълиму тарбия, махсусан сифати таҳсилот диққати махсус дода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки омӯзгоро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро намоем. Муовини якуми раиси шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд бунёд намудани чунин Муассисаи таълимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба чоҳибкорон миннадорӣ карданд. Ҳамзамон, вобаста ба тарбия намудани хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, тозаву озода нигоҳ доштани Муассисаи таъмири синфхонаҳо, омӯзиши забонҳои русию англисӣ, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, иштирок дар Озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат" ва "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" изҳори назар намуда, ба масъулин ва омӯзгорон таъкид кард, ки баланд бардоштани сифати таълим аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳаи маориф аст.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
14.10.2026, шаҳри Душанбе Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо дар
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи




