МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ САРВАЗИР СУЛАЙМОН ЗИЁЗОДА ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

23 ноя 2026, 16:55
---
3

  Ваҳдат: 23.11.2026. Имрӯзҳо сокинони заҳматкаши шаҳри Ваҳдат, тибқи маслиҳати мутахассисон ва қоидаҳои агротехникӣ бо истифода аз ҳавои мусоид дар шафати шоҳроҳҳо ва талу теппаҳо машғули шинонидани дарахтони гуногун мебошанд. Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва вусъат бахшидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид.
 Бо мақсади татбиқи амалии ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» имрӯз дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муовини якуми раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода, роҳбарони ҷамоатҳо, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар минтақаҳои гуногуни шаҳр шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохторҳои марбута, фаъолон ва сокинон то имрӯз беш аз 1500 бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз шинонида шудаааст.
Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо дар маъракаи ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони маҳаллаҳо ва дигар фаъолон саҳми худро гузошта истодаанд.
Зимни маъракаи ниҳолшинонӣ таъкид гардид, ки сабзазоркунӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати экологӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Шинонидани ниҳолҳо на танҳо барои беҳбуди муҳити зист, беҳтар намудани сифати ҳаво, пешгирии таъсири омилҳои номусоиди иқлимӣ ва фароҳам овардани муҳити солиму зебо барои наслҳои имрӯзу оянда аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон, ба масъулин тавсия дода шуд, ки ба парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳои шинонида диққати махсус диҳанд.
Ҳамзамон, бо раванди корҳои кабудизоркунӣ масъалаи муайян намудани ҳаҷми ниҳолҳои шинонидашуда дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Бозорбой Бурунов ва Абдулло Абдувосиев, инчунин дар ду канори шоҳроҳи Ваҳдат – Файзобод баррасӣ гардида, ба масъулини соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати тақвияти фаъолият ва назорати иҷрои корҳои пешбинишуда супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Аз ин рӯ, масъулин ва сокинонро зарур аст, ки дар баробари шинонидани ниҳолҳо ба нигоҳубин, обёрӣ ва парвариши онҳо низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро сабзкорӣ танҳо бо шинонидани дарахтон маҳдуд намегардад, балки нигоҳубини доимӣ ва ҳифзи онҳо масъулияти ҳар яки мост.
Бигзор ҳар ниҳоли шинонидашуда ба дарахти сабзу хуррам табдил ёфта, дар ободонӣ, сарсабзӣ ва зебоии шаҳри азизамон – Ваҳдат саҳми арзанда гузорад!
    

Ҳамчунин дигар наворҳо: