ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 23- юми ноябри соли 2026, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ҷаласаи назди раиси шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, ки ҷаласаро муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Мирзозода Баҳриддин роҳбарӣ намуд. Дар кори ҷаласа масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.Зимни ҷаласа масъалаҳои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар давоми даҳ моҳи соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни баррасии масъала ба масъулин ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз ҷумла, ба масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, ҷараёни кишти тирамоҳӣ, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва таъмини саривақтии пардохти музди меҳнати кормандон, бахусус кормандони муассисаҳои буҷетӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамзамон, масъалаи таъмиру нигоҳдории роҳҳо, ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ, хубтару беҳтар намудани интернет дар шаҳр, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва таъмини тозагии маҳаллаю кӯчаҳои шаҳр, сари вақт ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии савдои кӯчагӣ, ба низом даровардани фаъолияти нуктаҳои савдо ва риояи талаботи муқарраргардида дар бозорҳои шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи муҳими миллӣ, дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар Варзишгоҳи марказии шаҳр, масъулин вазифадор гардиданд, ки корҳои омодагиро бо сифати баланд ба роҳ монанд.
Инчунин, масъалаҳои пешгирии тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард, махсусан дар шоҳроҳи Душанбе–Ваҳдат–Кӯлоб ва самти Рашт, тақвияти назорат ва бартараф намудани монеаҳои ҳаракати нақлиёт таъкид гардиданд.
Дар идомаи ҷаласа ба масъалаи риояи фарҳанги миллӣ, пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба риояи талаботи қонунгузорӣ, дар самти либоспӯшӣ, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои кории таъсисдодашуда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, зарурати риояи интизоми меҳнат, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, тақвияти ҳамкории судманд бо корхонаҳои саноатӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагию ободонӣ таъкид гардид.
Дар фарҷом Мирзозода Баҳриддин аз масъулин талаб намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои додашуда чораҳои мушаххас андешида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр масъулияти баланд нишон диҳанд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
14.10.2026, шаҳри Душанбе Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо дар
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



