"ФЕСТИВАЛ-НАМОИШИ ЧОРВОИ ЗОТӢ" ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат шашумин "Фестивал-намоиши чорвои зотӣ" бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Мирзозода Баҳриддин, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, чорводорон ва меҳмонон баргузор гардид.
Дар фестивал намудҳои гуногуни чорвои хурду калон аз филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамзамон, корхонаҳои паррандапарварӣ низ иштирок доштанд.
Гуфта шуд, ки чорводорӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки кишоварзӣ ба шумор рафта, дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи назаррас дорад. Аз ҷумла, пешрафти зотпарварӣ ва зиёд намудани чорвои калони зотӣ, хушзотгардонии чорвои мавҷуда ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорвои колону моли майда дар афзун гардонидани истеҳсоли гӯшту шир мавқеи муҳим дорад.
Ҳадафи чорабинӣ рушди зотпарварӣ, афзоиши саршумори чорвои хушзот, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар доираи Барномаи маҷмӯии рушди соҳаи чорводорӣ барои солҳои 2023–2027 мебошад.
Дар фарҷом як зумра фаъолон ва кормандони соҳа бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар рафти "Фестивал-намоиш" дастовардҳои чорводорон, навъҳои чорвои зотӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба тамошо ва фурӯш гузошта шуданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
14.10.2026, шаҳри Душанбе Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо дар
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



