СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 20-уми ноябри соли 2026, дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли Ваҳдат ситоди шаҳрӣ баргузор гардид.
Дар кори ситод муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Мирзозода Баҳриддин, намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва масъулини соҳаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Зимни баргузории ситод масъалаҳои омодагии ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо, таъмини иштироки фаъолонаи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр дар чорабиниҳои идона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ ва давлатдории тоҷикон дорои ҷойгоҳи махсус буда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад.
Дар анҷом ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
14.10.2026, шаҳри Душанбе Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо дар
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



