ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

16 ноя 2026, 15:35
Слайдер / Навид / Ҳифзи иҷтимоӣ / Соҳаҳо
0

 Ваҳдат: 16.11.2026. Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152-и шаҳри Ваҳдат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин Файзулло, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, собиқадорон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Сипас, муовини якуми раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода суханронӣ карда, зикр намуданд, ки нақши мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззаму маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, низоми давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, инчунин, амалӣ гардидани ормонҳои миллии чандинҳазорсолаи халқи тоҷик беназир буда, татбиқ гардидани сиёсати оқилона ва дастуру роҳнамоии бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат боиси пешравию шукуфоии кишвар гардидааст ва садоқат, муттаҳидӣ ва меҳру муҳаббати шоёни мардумро ба бор овардааст.


Заҳмату талошҳои Президенти кишварро мардуми шарафманди Тоҷикистон ба назар гирифта, бобати арҷгузорӣ ба меҳнату садоқати ин шахсияти нотакрори таърихӣ соли 2016 унвони олии Пешвои миллатро лоиқ донистанд ва аз тарафи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таъйин карда шуда, ҳар сол он дар саросари кишвар бо шукӯҳу ихлосмандии хоса истиқбол мегардад.

Дар идома, Маҳмадалиев Муродалӣ, собиқ вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни баромад таъкид намуданд, ки яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад. Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳифз ва ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи давлату миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд.


Роҳбари давлати тоҷикон бо роҳи таъмин намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

16 – уми ноябр Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик таҷассуми эҳтиром ва қадрдонӣ, нақш ва саҳми нотакрори Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мебошад.

Инчунин, гуфта шуд, ки ташаббусҳои Роҳбари давлат дар баробари беҳбудии зиндагии мардуми Тоҷикистон, ба ҳалли мушкилоти мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд, ки боис ба баланд гардидани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шудааст ва иштироки мустақими Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои сиёсию экологии ҷаҳон, мубориза бар зидди хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизму терроризм, масъалаҳои мушкилоти дастрасӣ ба об, ҳифзи табиату наботот дар сайёра хеле назаррас мебошад.

Ҳамзамон, дар идомаи чорабинӣ ба  фаъолони шаҳр ифтихорномаи раиси шаҳри Ваҳдат тақдим гардид. Дар охири чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндаҳои ҷумҳурӣ доир гардид, ки ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.


Ҳамчунин дигар наворҳо: