ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ
Санаи 13-уми ноябри соли 2026, дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми раиси шаҳр Баҳриддин Мирзозода, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кормандони соҳа, омӯзгорону собиқадорон, донишҷӯён ва собиқадорону фаъолон чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.Чорабинӣ бо садо додани Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Раиси Кумита зимни суханронӣ баён дошт: "Нақши Пешвои миллат дар раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, бунёди ниҳодҳои давлатӣ, ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Маҳз сиёсати созандаву дурбинона, иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти олии мамлакат барои расидан ба сулҳу суботи комил, барқарор намудани эътимоди ҷомеа ва муттаҳид сохтани мардуми кишвар дар атрофи ғояи давлатдории миллӣ заминаи устувор гузошт".
Сипас, муовини якуми раиси шаҳр суханронӣ карда, зикр намуданд, ки нақши мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззаму маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, низоми давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, инчунин, амалӣ гардидани ормонҳои миллии чандинҳазорсолаи халқи тоҷик беназир буда, татбиқ гардидани сиёсати оқилона ва дастуру роҳнамоии бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат боиси пешравию шукуфоии кишвар гардидааст ва садоқат, муттаҳидӣ ва меҳру муҳаббати шоёни мардумро ба бор овардааст.
Заҳмату талошҳои Президенти кишварро мардуми шарафманди Тоҷикистон ба назар гирифта, бобати арҷгузорӣ ба меҳнату садоқати ин шахсияти нотакрори таърихӣ соли 2016 унвони олии Пешвои миллатро лоиқ донистанд ва аз тарафи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таъйин карда шуда, ҳар сол он дар саросари кишвар бо шукӯҳу ихлосмандии хоса истиқбол мегардад.
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Маҳз дар таърихи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхуҷаев баргузор гардида, он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд. Ҳамчунин, ин иҷлосияи таърихӣ заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.
Дар охири чорабинӣ барномаи фархангӣ бо иштироки сарояндаҳои ҷумҳурӣ доир шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
14.10.2026, шаҳри Душанбе Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо дар
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



