БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" БО ХОНАНДАГОН ВА ПАДАРУ МОДАРОНИ ОНҲО МУЛОҚОТ ДОИР ГАРДИД

Ваҳдат: 12.11.2026. Санаи 12-уми ноябри соли равон гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳамкорӣ бо дигар намояндагонӣ касбу кори гуногун, зери роҳбарии муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Баҳриддин Мирзозода бо усули “Мактаб ба мактаб” бо омӯзгорон ва волидайни хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ мулоқот доир гардид. Муовини якуми раиси шаҳр зимни баромади худ оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд.
Ҳамзамон, дар бораи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассиса, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо духтарони синфҳои 9-11 оид дур намондан аз таълим ва дигар мавзуъҳоро баррасӣ намуд.
Дар идома Баҳриддин Мирзозода таъкид намуд, ки омӯзгорон ҳамчун сутуни асосии тарбия вазифадоранд дар таҳкими ахлоқ, саводи ҳуқуқӣ ва фарҳанги одоби хонандагон саҳми фаъол гузоранд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои назорати иҷрои вазифаҳои хонандагон, риояи интизоми дохилимактабӣ, ҳамчунин, мубориза бо омилҳои номатлуб дар муҳити таълимӣ муҳокима гардиданд.
Бахриддин Мирзозода, ба роҳбарияти муассиса ва дигар масъулони соҳа тавсия дод, ки ҳамкории байни муассиса ва волидайн боз ҳам зич гардад, зеро танҳо тавассути иртиботи ҳамешагӣ ва масъулияти муштарак метавон ба натиҷаҳои хуб дар тарбия ва таҳсили толибилмон ноил гардид.
Инчунин, зимни мулоқот масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҷалби падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсил ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муҳокима шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ миёни масъулин, омӯзгорон ва волидайн мубодилаи афкор сурат гирифт.
Аз ҷониби аҳолӣ нақшагузорӣ гардид, ки ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, 26 компютер таъмин карда шавад.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ



