САНҶИШИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ВА МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ
Дар ҷараёни чорабинӣ омодагии сохторҳои масъул, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои марбута мавриди санҷиш қарор дода шуд. Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат зимни суханронӣ қайд карданд, ки таъмини омодагии доимӣ дар самти мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ яке аз вазифаҳои муҳими сохторҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои ҳифзи амният ва суботи кишвар аҳаммияти муҳим дорад.
Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода зимни баромади зир кардаанд, ки вазъияти ҳарбии-сиёсии ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, пайравӣ ба сарвари давлат ва ба кишвари азизамон содиқ бимонем”.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро таҳти назорати доимии худ қарор додаанд.
Зимнии суҳбат бо масъулин шаҳрвандон омодагӣ ва ҳавасмандии худро ҷиҳати иштирок дар ҷамъомад, ҳифзи хоки поки Ватан, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ иброз намуданд.
Дар баромади намояндагони Вазорати мудофиа низ таъкид гардид, ки мардуми меҳандӯсту сулҳпарвари Тоҷикистон ҳимояи давлату миллатро вазифаи муқаддаси худ дониста, барои хизмат ба Ватан ҳамеша омода мебошанд.
Масъулин иштироки фаъоли сокинон ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстона ширкат намудани онҳоро дар чунин чорабиниҳои муҳими ҳарбӣ нишонаи садоқат ба халқу Ватан арзёбӣ карданд.
Зимнан масъулине, ки дар ҷараёни чорабиниҳои даъватӣ маҳорати баланд нишон доданд ва ҳамзамон волидайни фаъолу намунавӣ аз номи роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар мавриди қадрдонӣ қарор гирифтанд.
Чорабинии мазкур бо иштироки аъзои ситод ва баррасии мавзуву масъалаҳои муҳими соҳаи мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ таҳлилу натиҷагирӣ карда шуд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
14.10.2026, шаҳри Душанбе Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо дар
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи




