МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲР БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ

28 окт 2026, 14:41
Слайдер / Навид / Соҳаҳо
4

 

 Имрӯз, 28- уми октябри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат мулоқоти раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ доир гардид.


Дар мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба раванди татбиқи лоиҳаҳоеро, ки аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.


Раиси шаҳр бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ  бо изҳори қаноатмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳои самарабахш гуфтанд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ амалӣ гашта, ҳамкориҳои судманд дар ин самт идома дорад. Ҳамзамон, зимни мулоқот масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо Бонки умумиҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.


 

Ҳамчунин дигар наворҳо: