МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ МИРЗО ИСМОИЛЗОДА

26 окт 2026, 12:15
Слайдер / Навид / Соҳаҳо
0
   Имрӯз, 26-уми октябри соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат таҳти раёсати раиси шаҳр Исмоилзода Мирзо Иброҳим маҷлиси назоратӣ баргузор шуд.
Дар маҷлис муовинони соҳавии раиси шаҳр, сардорони раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, раисони ҷамоатҳо, инчунин, дигар намояндагон иштирок доштанд.
Дар кори маҷлис масъалаҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, раванди корҳои ободонию созандагӣ дар иншоотҳо ва тозагию ободонии кӯчаҳои шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баррасӣ гардид.
Ҳамзамон, дар идомаи ҷаласаи корӣ аз пешрафт ва фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат баҳо дода, инчунин, таъкид намуданд, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият дар амалӣ ва татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф мебошанд.
Дар фарҷом, раиси шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти самаранок ва баҳри иҷрои нақшаҳои пешгузошта, оғози кишту кори тирамоҳӣ, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, корҳои тарғиботиву иттилоърасонӣ ба мардум, даъвати аҳолӣ ба саҳмгузорӣ дар ободониву бунёдкорӣ ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: