ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР ДЕҲАИ НАВОБОТИ ДЕҲОТИ АБДУЛЛО АБДУЛВОСИЕВ

24- уми октяби соли 2026, раиси шаҳр ва дигар намояндагони расмӣ дар деҳаи Навободи Ҷамоти деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат бунгоҳи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.
Бунёди бунгоҳи тиббӣ дар доираи истиқболи арзанда аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, он баҳри сокинони деҳаи Навобод ва гирду атрофи он пешбинӣ гардидааст.
Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, зимни ба истифода додани иншоот бо табибон ва аҳли деҳа суҳбат намуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳоро дар деҳот баҳри сокинон муҳайё намуда истодаанд, то ки мардум дар деҳот зиндагии орому осуда дошта бошаду фарзандонро баҳри боз ҳам гулгулшукуфои Меҳани азизамон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя расонанд.
Аҳли деҳа аз бунёду ба истифода додани чунин иншооти тиббӣ изҳори хушнудӣ намуда, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки бунёду ба фаъолият пардохтани чунин иншооти наву замонавӣ дар деҳа мушкилоти сокинонро бартараф хоҳад кард.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
14.10.2026, шаҳри Душанбе Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо дар
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



