ДАР ДЕҲАИ ЧИРТАК БУНГОҲИ ТИББӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

24 окт 2026, 12:08
Слайдер / Навид / Соҳаҳо / Тандурустӣ
0
   Санаи 24-уми октябри соли равон дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар деҳаи Чуртаки Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд. Зимни ифтитоҳи он намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, раиси шаҳр, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки иншооти тандурустӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳарчи бештар дастрасӣ пайдо намудани аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ, аз ҷумла кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талабот бунёд шудааст.
Бунгоҳи тиббӣ ба аҳолии деҳа хизмати тиббӣ расонида, он бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст.
Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, зимни ифтитоҳи иншооти мазкур аз номи мақомоти маҳаллӣ сокинони деҳаи Чуртакро ба муносибати соҳиби чунин бинои хуштарҳу замонавӣ гаштанашон табрик гуфта, дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба шаҳр ба истифода додани онро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии деҳа ва кормандони соҳа арзёбӣ кард.
Ҳамзамон, раиси шаҳр аз кормандони бунгоҳ даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ равона созанд.

Ҳамчунин дигар наворҳо: