НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД

Санаи 16-уми октябри соли 2026, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, таҳти раёсати раиси шаҳр Исмоилзода Мирзо Иброҳим ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2026 доир гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинон раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони раёсат, мудирони шуъбаю бахшҳои назди мақомоти маҳаллӣ ва дигар масъулин иштирок доштанд.
Бо таҳлили вазъи соҳаҳо раиси шаҳр барои ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ба таҳсили пурра фаро гирифтани кӯдакону наврасон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла бегонапарастӣ, тарғиби фарҳангу либоси миллӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, ташкили озмунҳои китобхонӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, истифодаи самараноки замин, риояи кишти зироатҳо, фаъолсозии пойгоҳҳои обкашӣ, таъмини рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо, самаранок истифода бурдани неруи барқ ва фаҳмондани он миёни аҳоли ба муовинони раиси шаҳр ва роҳбарону фаъолон супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ гардида ба масъулин тавсияҳо дода шуд.
Мирзо Исмоилзода, дар охир изҳори боварӣ намуд, ки сокинони шарафманди шаҳри Ваҳдат бо меҳнати содиқонаи худ соли 2026-ро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст мекунанд.
Инчунин, раиси шаҳр дар хотима аз тамоми масъулин бори дигар даъват ба амал оварданд, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо вазифадорем, ки фаъолиятро ҷиддӣ ба роҳ монда, дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос бошем, то ин ки ба нишондиҳандаҳои бозҳам хубтар ноил гардем.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
14.10.2026, шаҳри Душанбе Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва кулли соҳибкорони мамлакатро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо дар
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи



