ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ИСМОИЛЗОДА МИРЗО ИБРОҲИМ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

05 окт 2026, 11:28
Слайдер / Навид
3

 

 


Ҳамдиёрони азиз!



 

Ҷашни забон дар баробари Ҷашни Истиқлоли миллату давлатамон барои ҳар кадоме аз ҳаммилатонамон азизу гиромист. Миллатамон бо шарофати забони хеш побарҷосту аз файзу баракати истиқлолияташ дар олам ҳамчун миллати озод маълуму  маъруф гардид.


Қобили зикр ва шоистаи таҳсин аст, ки Роҳбарияти Олии кишварамон баҳри рушду такомули забони давлатӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» эълон  гардидани соли 2008 як намунаи бузурги ғамхорӣ дар ҳаққи забонамон шуморида мешавад. 


 Ин иқдоми Сарвари  давлатамон аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеаи кишварамон ҳамовозии гарм пайдо намуда, баҳри гиромидошти забони тоҷикӣ, баланд бардоштани мақому манзалати он дар саросари кишварамон, шуруъ  аз муассисаҳои томактабӣ то макотиби олии кишварамон, дар тамоми ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои мухталифи илмиву фарҳангӣ баргузор гардида истодааст. Ин худ аз меҳру муҳаббати самимӣ ва ихлоси бепоён доштани мардум, хурду бузурги миллатамон ба забони модариашон шаҳодат медиҳад. 


Ҳар кадоме аз насли миллатамон таъкиди хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки  «Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст», гуфтаанд, хуб дарк кардаанд.


Аз ин рӯ, забонро ҳамчун беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллатамон ҳифзу гиромӣ дорем.


Маврид ба зкр аст, ки соли равон аз соҳибистиқлолии давлату миллатамон 35 сол сипарӣ шуд, ки онро низ ботантана таҷлил намудем. Мо аз ватандории хеш ифтихор мекунем, хосса Ватане, ки соҳиби Истиқлол асту онро дар арсаи олам эътироф мекунанд.


Донистани забону фарҳанги миллӣ ва таърихи диёрамон ифтихори соҳибистиқлолӣ аз ватандориамонро тақвият мебахшанд.


Яке аз ҳадафҳои бузурги Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳандозӣ намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», на танҳо ба китобхониву китобдӯстӣ ва азбар кардани пораҳои назмиву насрӣ ҳидоят намудани насли наврас аст, балки бо ин васила дар рӯҳияи донишмандӣ, сухандониву забондонӣ тарбия намудани онҳо мебошад.


Хушбахтона, дар баробари ҳамасола афзудани шумораи иштирокчиёни Озмун шумораи донишмандону забондононамон афзун мегардад, ки аз ҷумлаи дастовардҳои мост.


 

Ҳамдиёрони гиромӣ!



 

 Дар анҷом аз фурсати мусоид истифода намуда, бори дигар ҳамаи Шумо- ҳамдиёрони азизу гиромиро ба ифтихори Иди забон  табрику таҳният мегӯям.


Ба ҳамаи шумо, пеш аз ҳама, сиҳатмандӣ, хонаи обод ва барору комёбиҳои беназир таманно карда, орзуманди онам, ки ҳамаи мо бо ҳисси эҳтироми баланд доштанамон ба  забони модарӣ дар рушду нумӯи он содиқона саҳмгузорӣ менамоем.


 

 Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!



Ҳамчунин дигар наворҳо: