ШАҲРИ ВАҲДАТ: ҚАДРДОНИИ СОҲИБКОРОН

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо иштироки раиси шаҳр муҳтарам Мирзо Исмоилзода, маросими ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорони шаҳр баргузор гардид.
Раиси шаҳр соҳиборонро ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, пеш аз ҳама, нақши соҳибкоронро дар рушду нумӯи шаҳр, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки имрӯз соҳибкорон бо ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодии шаҳри Ваҳдат дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Раиси шаҳр баён дошт, ки бо дастгирӣ ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони ватанӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, барои фаъолияти самаранок ва рушди минбаъдаи соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идома раиси шаҳр миннатдории худро ба соҳибкорон чиҳати бунёду азнавсоозии иншоотҳои соҳаҳои гуногун расонид. Ҳамчунин, ба соҳибкорон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории мутақобилан судманд, фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр бо сипосномаи раиси шаҳри Ваҳдат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»



