БАРГУЗОРИИ ПАРАДИ ҲАРБӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Санаи 7-уми сентябри соли 2026 ба муносибати таҷлили Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Ваҳдат бо иштироки раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр ва дигар намояндагон паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Паради ҳарбӣ дар фазои тантанавӣ бо иштироки беш аз 3 ҳазор афсарону сарбозони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ бо руҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ баргузор шуд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи иштирокдорони паради ҳарбиро ба ифтихори Ҷашни бузургу муқаддаси миллии 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сулҳу суботи комил, рушди устувори тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таъмин карда шуд. Ҳамзамон, дар радифи инкишофи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, давлату Ҳукумат ба ташаккулу таҳкими низоми мудофиавӣ ва амниятии Тоҷикистон, аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Раиси шаҳр изҳор дошт, ки имрӯз дар қатори ҳайати шахсии ниҳодҳои мудофиавию ҳуқуқӣ ва амниятӣ, ҳамчунин, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар воҳидҳои сохторӣ, муассисаю созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ ва мардуми ватандӯсти шаҳр дар паради ҳарбӣ иштирок менамоянд. Ин гувоҳии он аст, ки сокинони сарбаланди шаҳри Ваҳдат дар радифи сокинони дигар минтақаҳои Тоҷикистони азиз, омодагии хешро баҳри дифоъ ва ҳимояи бойгариҳои бостонии миллӣ, манфиату арзишҳои волою дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ омода ҳастанд.
Тазаккур бояд дод, ки паради ҳарбӣ дар шаҳри Ваҳдат дар фазои идона, бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва руҳияи ватандӯстӣ баргузор гардида, ба яке аз чорабиниҳои хотирмони Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.
Ҳамчунин дигар наворҳо:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар
Модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони меҳрубон! Мулоқоти идонаи мо ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»



